Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён, вазири хориҷаи Эрон рузи душанбе дар паёми ба забони чинӣ дар вокуниш ба баёнияи муштараки Чин ва шурои ҳамокрии Халиҷи Форс ва иддоҳои матраҳшуда дар он баёния нисбат ба ҷазираҳои сегонаи Бумусо, Тунбикучак ва Тунбибузург навишт ҷазираҳои сегонаи Бумусо, Тунбикучак ва Тунбибузург дар Халиҷи Форс аҷзои ҷудоинопазири хоки Эрон аст ва ба ин меҳан таъалуқ дорад.
Сарони кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс ва Чин дар баёнияи муштараки худ ҳалли мусолематомези мавзуъи ҷазираҳои сегона байни Эрон ва Иморотро хостор шуданд ин дар ҳоле аст, ки ҷазираҳои сегона бахши ҷудоинопазири хоки Эрон ҳастанд.
Баёнияи сарони кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс ва Чин билофосила пас аз баёноияи дигар содир шуд, ки дар он раҳбарони Арабистон ва Чин аз Эрон хоста буданд, ки аз мудохила дар умури дохилии кишварҳо худдори кунад.
Дар вокуниш ба баёнияи сафири Чин дар Теҳрон рузи шанбе ба Вазорати умури хориҷаи Эрон фарохонда ва маротиби эътирози Ҷумҳурии Исломӣ ба баёнияи поёнии сарони кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс ва Чин ба у иблоғ шуд.
342/